Ссылки доступа

Ҳаҷҷи Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа вокунишҳоро ба вуҷуд овард


Баъд аз он ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳаҷҷи Умра кард, коршиносон ин масъаларо матраҳ мекунанд, ки оё ин кор ба нармшавии сиёсати ҳозирааш нисбат ба дин таъсир хоҳад гузошт, ё не.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 4 январ, дар рӯзи охирини сафараш ба Арабистони Саудӣ эҳром ба бар карда, дар иҳотаи хешовандон ва даҳҳо нафар аз мақомот дар Каъба ҳозир шуд ва маносики Ҳаҷҷи Умраро ба ҷой овард. Аксҳо ва навори видеоии Ҳаҷҷи Умраи президентро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба намоиш гузоштанд ва сокинони кишвар президенти худро ҳангоми намозхонӣ ва илтиҷо аз Парвардигор диданд.

Аммо дар ҳамин ҳол қисми интиқодкунандаи ҷомеа ҳукуматро дар маҳдудсозии озодиҳои динӣ дар кишвар айбдор мекунанд.

Зимни шарҳи маросими Ҳаҷҷи Умраи президент ва намояндаҳои ҳукумат бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ки ҳукумат сиёсати духӯраи динӣ анҷом медиҳад. Бархеҳо ҳамчунин гуфтанд, ки нашри навори видеоии маросими Ҳаҷ талошест барои беҳтар кардани имиҷи президент, ки дар пайи сангинтар шудани шароити сиёсӣ ва динӣ дар кишвар коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир ҳукумати Тоҷикистон дар талошҳои худ барои ҳифзи дунявияти давлатдорӣ фишорҳо ба диндоронро бештар кардааст. Ҳоло дар Тоҷикистон ба нафарони то 18-сола намозхонӣ дар масҷид манъ шуда, пӯшидани либоси мазҳабӣ маҳдуд шудааст. Солҳои охир мардҳо дар пайи фишорҳои маъмурони пулис аз доштани риш худдорӣ мекунанд.

Намояндаҳои мақомот мегӯянд, ки ҳамсоягӣ бо Афғонистони ноором ва мазҳабӣ шудани қишрҳои мухталифи аҳолӣ онҳоро водор мекунад, ки барои пешгирии бесуботӣ қонунҳоро сахттар кунанд.

XS
SM
MD
LG