Ссылки доступа

Филми "Зиндамонда" ҷоизаи "Курраи тиллоӣ"-ро соҳиб шуд


Филми "Зиндамонда" дар озмуни "Курраи тиллоӣ" дар бахши асосӣ - "Беҳтарин филми драмавӣ" соҳиби ҷоиза шуд.

Филми коргардони мексикоӣ Алехандро Гонсалеса Инярриту, ки қисман бар асоси зиндагии истеъморгар Хю Гласс ва саргузашти вай дар Ғарби Ваҳшии Амрико наворбардорӣ шудааст, ҳамчунин дар бахшҳои "Беҳтарин коргардон" ва "Беҳтарин бозигари филми драмавӣ" соҳиби ҷоиза шуд. Ҷоизаи "Беҳтарин бозигари филми драмавӣ"-ро Леонардо Ди Каприо соҳиб шуд. Ин севумин "Курраи тиллоӣ"-и Ди Каприо аст.

Маросими эътои ҷоизаҳои Анҷумани байналхалқии филмҳои "Курраи тиллоӣ" дирӯз дар Лос-Анҷелоси Амрико баргузор шуд. Гуфта мешавад, барандаи ҷоизаи "Курраи тиллоӣ" яке аз номзадҳои эҳтимолии Академияи филми амрикоӣ - ҷоизаи "Оскар" хоҳад буд.

Бозигар Бри Ларсон барандаи ҷоизаи "Курраи тиллоӣ" барои беҳтарин нақши драмавии зан дар филми "Ҳуҷра" гардид.

Ҷоизаи беҳтарин филми ҳаҷвиро "Марсианин" соҳиб шуд. Беҳтарин силсилафилми драмавӣ "Ҷоноби Робот" эълон шуд. "Мотсарт дар ҷангал" ҷоизаи беҳтарин силсилафилми ҳаҷвиро соҳиб гардид.

Ҷоизаи "Курраи тиллоӣ" аз соли 1994 ба ин сӯ тақдим мешавад. Ин ҷоизаро Анҷумани расонаҳои хориҷӣ, ки тақрибан 90 рӯзноманигори байналхалқӣ узви ин анҷуман ҳастанд, тақдим мекунад.

XS
SM
MD
LG