Ссылки доступа

Хабарҳо дар бораи фавти "раҳбари" ошӯбҳои Андиҷон


Ахиран дар бораи фавти раҳбари шӯришчиён дар Андиҷони Ӯзбекистон дар соли 2005 хабарҳо пахш шуданд.

Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ имрӯз бо истинод ба манбаҳои худ хабар дод, ки раҳбари созмони динии "Акрамия" Акрам Юлдошев, ки ба иддаои мақомоти ӯзбек шӯриши Андиҷонро раҳбарӣ мекард, панҷ сол пеш дар зиндон фавтидааст. Тибқи яке аз фарзияҳо, вай дар пайи бемории сил ҷон бохтааст.

Акрам Юлдошев 17 феврали соли 1999 бо айби терроризм боздошт шуда буд. Додгоҳи Ӯзбекистон ӯро ба 17 соли зиндон ва адои ҷазо дар утоқи ҷудогона маҳкум кард. Як пайрави Юлдошев ба бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи фавти раҳбари "Акрамия" огаҳӣ надорад.

Ба иттилои созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, дар пайи тирпарронии гирдиҳамоии 13 майи соли 2005 дар Андиҷон қариб ҳазор нафар кушта шудааст. Тибқи фарзияи мақомоти ӯзбек, теъдоди кушташудагон дар Андиҷон 187 нафар аст, ки бештарашон "террорист" буданд.

XS
SM
MD
LG