Ссылки доступа

Путин гуфт, Русия метавонад ба Асад паноҳгоҳ диҳад


Президенти Русия Владимир Путин гуфт, дар сурате, ки агар Асад маҷбур ба тарки кишвараш шавад, Русия метавонад ба вай паноҳгоҳ диҳад. Ин нуктаро Путин дар мусоҳибаи нашрияи олмонии Bild зикр кардааст.

"Мо ба ҷаноби Сноуден паноҳгоҳ додем, ин душвортар аз паноҳгоҳдиҳӣ ба Асад буд", - гуфт Путин. Эдвард Сноуден корманди мақомоти амниятии Амрико буд, ки ҳуҷҷатҳои махфиро оммавӣ кард ва дар соли 2013 дар Русия паноҳанда шуд.

Путин гуфт, баъди амалишавии нақшаи танзими низои Сурия, ки аз ҷониби аксарият қобили қабул дониста шуд, ҳоло дар бораи паноҳандагии Башор Асад сухан гуфтан барвақт аст.

"Нахуст бояд ба мардуми Сурия имкон дод, ки мавқеи худро рӯшан кунад. Ва ман ба шумо итминон медиҳам, ки агар рӯшан шудани мавқеи мардум бо роҳи демократӣ сурат гирад, дар он ҳол Асад эҳтиёҷ нахоҳад дошт, ки паноҳанда шавад. Ва комилан аҳамият надорад, ки дар он замон вай президент хоҳад буд ё на", - гуфт Владимир Путин.

XS
SM
MD
LG