Ссылки доступа

Мақомоти Истамбул аз марги 10 нафар хабар доданд


Мақомоти Туркия мегӯянд, дар пайи таркиши 12 январ дар Истамбул 10 нафар кушта ва 15 каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, моддаи тарканда ин таркишро ба вуҷуд овардааст, ҷустуҷӯи гунаҳкор ва ё кунаҳкорон идома дорад.

Таркиш дар майдони марказии Истамбул – майдони Султон Аҳмад тақрибан соати 10-и пагоҳӣ рух дод. Шоҳидон мегӯянд, садои вахимро шунидаанд.

Ба иттилои аввалия, ин таркишро маргталаб ба вуҷуд овардааст. Феълан майдон муҳосира шудааст.

Майдони Султон Аҳмад яке аз минтақаҳои асосии Истамбул ба ҳисоб меравад, ки Масҷиди кабуд он ҷо ҷойгир аст.

Моҳи октябри соли гузашта наздики 100 нафар дар натиҷаи ду таркиш, ки зимни раҳпаймоӣ дар маркази Анкара рух дод, кушта шуд. Ин хунинтарин куштори Туркия буд, ки назираш дар чандин соли охир мушоҳида нашудааст.

XS
SM
MD
LG