Ссылки доступа

Дар Минск дидори гурӯҳи Тамос дар мавриди Украина баргузор мешавад


Ширкаткунандагони гурӯҳи Тамос дар нахустини дидори худ дар соли 2016 имрӯз дар Минск ба баррасии масъалаҳои ҳалли сиёсӣ таваҷҷӯҳ мекунанд, хабар медиҳад “Интерфакс” бо истинод ба манбаъ дар гурӯҳи ташкили ин музокирот.

Ба гуфтаи вай, дар дастури кории ин дидор баррасии амиқи нуқтаҳои калидии ҳалли сиёсӣ пешбинӣ шудааст. “Масъалаи иҷрои мақоми махсуси минтақаҳои ҷудогонаи вилоятҳои Донетск ва Луганск, ғайримарказкунонии ҳокимият ва ислоҳоти Қонуни асосӣ дар Украина, баргузории интихоботи маҳаллӣ дар Донбасс матраҳ мешавад”, - гуфт манбаъ.

Дирӯз дар Киев президенти собиқи Украина ва намояндаи ин кишвар дар гурӯҳи тамоси сеҷониба барои ҳалли бӯҳрон дар Донбасс Леонид Кучма бо намояндаи Русия дар ин гурӯҳ Борис Гризлов мулоқот карда, масъалаи омодагӣ ба ҷаласаи ин гурӯҳро баррасӣ кард.

XS
SM
MD
LG