Ссылки доступа

Обама: барои пирӯзӣ бар ДИ ҷанги густурда даркор нест


Президенти ИМА Барак Обама дар муроҷиати ниҳоии худ дар бораи вазъи кишвар гуфт, муннақидонаш аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо иддаое, ки гӯё мавқеи Амрико дар арсаи ҷаҳонӣ заифтар мешаваду барои пирӯзӣ бар гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" ҷанги густурда зарур аст, иштибоҳ мекунанд.

Дар паёми солонаи худ ба конгресс Обама гуфт, агар дар ҷаҳон мушкиле пайдо шавад, мардум ба Иёлоти Муттаҳида муроҷиат мекунанд, на ба Москва ё Пекин.

Бархе аз номзадҳо ба вазифаи президентии ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ пештар даъват мекарданд, ки дар мубориза бо ДИ аз шеваҳои сахттаре кор гирифта шавад. Аз ҷумла, онҳо пешниҳод доштанд, ки минтақаҳои таҳти назорати ҷангиён дар Ироқ ва Сурия шадидан бомборон карда шавад. "Бо изҳоротҳои тунд, ки ин ҷанги севуми ҷаҳонӣ аст, мо ба осиёби ДИ об мерезем. Бештаре аз ҷангиён дар дохили мошинҳои худ ва ё манзили худ машғули таҳияи ҳамлаҳо ҳастанд ва ин нафарон барои мардум таҳдиди бештаре доранд ва аз амали онҳо бояд пешгирӣ карда шавад. Аммо онҳо барои мавҷудияти ИМА хатар эҷод намекунанд", - гуфт раиси ҷумҳур.

"Аз онҳо ҳамчун қотил ва сарсахт ном баред, - гуфт Обама. - Онҳоро пайгирӣ ва ошкор карда, бояд маҳв сохт". Обама афзуд, ки агар конгресс мехоҳад бар ДИ пирӯз шавем, пас бояд қароре қабул карда шавад, ки ба президенти ИМА салоҳияти расмӣ барои мубориза бо ДИ фароҳам кунад. Обама аз тасаввуре ҳушдор дод, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад барои эҳёи ҳар кишвари гирифтори бӯҳрон иқдом кунад.

XS
SM
MD
LG