Ссылки доступа

Рахнагарони интернетӣ хостанд, ки Русия нерӯҳояшро аз Сурия берун орад


Рахнагарони интернетӣ, ки сомонаи вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро рахна карданд, аз Русия хостаанд, нерӯҳояшро аз Сурия берун оварад.

Дар сафҳаи сомонаи ин вазоратхона аксҳо ва навори видеоии созмони дар кишвар мамнӯи "Ҷудуллоҳ" ва пайёме аз номи гурӯҳи Fallaga Team аз Тунис нашр шудааст. Дар ин пайём аз шаҳрвандони Русия дархост шудааст, ки ҳукумати худро водор созанд то нерӯҳояшро аз Сурия берун оварад.

Дар ин пайём, ки дар сомона нашр шудааст ва ин сомонаи интернетӣ феълан дастрас нест, гурӯҳи ифротгароён аз Русия хостааст, ки ҳимояти президенти Сурия Башор Асадро қатъ кунад.

Намояндаи расмии вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсон Хушвақтов тасдиқ кард, ки сомонаи ин ниҳод мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор гирифтааст.

Гурӯҳи "Ҷундуллоҳ" ба унвони бахши таблиғотии гурӯҳи ифротии "Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон" маъруф аст.

XS
SM
MD
LG