Ссылки доступа

Арзиши ғизо дар боғчаҳои бачагонаи Қазоқистон афзоиш ёфт


Волидайни кӯдакони томактабӣ дар Қазоқистон водор мешаванд барои нигаҳбонии кӯдаконашон дар ин муассисаҳо маблағи ду маротиба бештар пардохт кунанд.

Дар раёсатҳои маорифи кишвар мегӯянд, ки ҳамакнун қиммати ғизо барои кӯдакон гаронтар шудааст.

Нахуст дар ҷомеа аз ин кор раҳбари созмони “Шанирак” Махамбет Абжан бонги изтироб зад. Ду фарзандаш ба боғчаи бачагонаи №3 бо номи “Батир” дар Остона мераванд. Вай мехоҳад ариза навишта хабар диҳад, ки фарзандонаш моҳи оянда наметавонанд ба боғча раванд.

Сабаби чунин тасмимро падари хонандон ба он марбут медонад, ки афзоиши дубаробарии арзиши хидмати боғчаи бачагона ба “будҷаи оилааш хисорот ворид кард”. Акнун вай маҷбур аст барои ду кӯдаки худ ба ҷои 16 ҳазор тангаи пешина 32 ҳазор танга пардохт кунад. Ба гуфтаи вай, дар боғчаи бачагона барояш гуфтанд, ки болоравии арзиши хадамоти онҳо ба афзоиши арзиши ғизо марбут аст.

- Ман ба ин назарам, ки пештар фаъолияти боғчаҳои бачагона аз сӯйи ҳукумат сармоягузорӣ мешуд, аммо ҳоло ба далели бӯҳрон мушоҳида мекунам, ки чунин сармоягузориҳо, аз ҷумла дар арзиши нон, қатъ шудаанд. Эҳтимол дорад мехоҳанд бо боло рафтани арзиши ғизо морофиреб диҳанд, - гуфт Махамбет Абжан.

Дар раёсати маорифи Остона мегӯянд, ки тӯли панҷ сол арзиши боғчаҳои бачагона тағйир наёфта буд ва волидайн танҳо қиммати ғизои кӯдаконашонро пардохт мекунанд. Тамоми хароҷоти боқимонда аз сӯйи будҷаи шаҳр ҷуброн мешавад. Чунин вазъ дар тамоми кишвар аст. ​

Зимни афзоиши қиммати ғизо мутахассисон ва коршиносон арзиши маводи ғизоиро ба инобат мегирифтанд, ки онро ниҳодҳои омор пешниҳод мекунанду меёрҳои беҳдоштии ғизохӯрӣ муайян кардаанд. Ҳоло арзиши сабади истеъмолӣ дар Остона 24 033 танга барои як нафар аст ва ба ин сабаб ба 8 400 – 10 080 танга ғизо додан ба кӯдакон ғайривоқеӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG