Ссылки доступа

Қурби танга ҳамарӯза «заифтар» мешавад


Қурби миёнаи доллари ИМА дар фурӯши субҳонаи Биржаи молии Қазоқистон имрӯз ба 372,58 танга баробар шуд.

Ин нишондод нисбати қурби расмӣ, ки онро Бонки милли Қазоқистон барои 18 январ муқаррар кардааст, 11,68 танга бештар аст. Қиммати ниҳоии хариди доллар дар биржа имрӯз ба 375 танга расид. Дар нуқтаҳои табодули асъори Алмато низ имрӯз долларро бо қиммати 375 танга ба фурӯш гузоштаанд.

Қурби танга дар пасманзари раванди арзоншавии нафт пойин меравад. Қиммати нафти навъи Brent дар бозорҳои ҷаҳонӣ баъд аз лағви таҳримҳои зидди Эрон арзон мешавад. Зеро ҳама аз хатари зиёд шудани захираҳои нафт дар ҷаҳон нигарон ҳастанд. ИМА ва кишварҳои Аврупо рӯзҳои истироҳати гузашта тибқи созишномаи қатъи барномаи ҳастаии Эрон таҳримҳои байналмиллалӣ нисбати ин кишвари истихроҷкунандаи нафтро лағв карданд.

XS
SM
MD
LG