Ссылки доступа

Барномаи кӯчидан ба Русия дубора фаъол шуд


Буҳрони иқтисодӣ боиси мавҷи нави кӯчидани аҳолии Осиёи Марказӣ шудааст.

Танҳо дар соли гузашта тибқи барномаи кумак ба ҳамватанон барои кӯчадан ба Русия аз Тоҷикистон 1200 хонавода соҳиби шаҳодатнома шудааст. Бо гузашти ҳар сол шумори онҳое, ки барои зиндагии доимӣ ба кишвари дигар мекӯчанд, афзоиш меёбад. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон мегӯяд, сабти номи навбатпоӣ барои дарёфти машварат ва гуфтугӯ то моҳи июн пур шудааст.

«Барои дарёфти машварат ва кӯчидан ба Русия тибқи ин барнома аз соли 2013 то охири соли гузашта 26,5 ҳазор нафар муроҷиат кардааст. Танҳо дар соли гузашта 13,5 ҳазор ҳуҷҷат супоридааст», - мегӯяд Владислав Маркевич роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия. Ҳамаи сокинони кишварҳои Иттифоқи шӯравии пешин ҳақ доранд тибқи ин барнома ҳуҷҷат пешниҳод кунанд. Аммо донистани забони русӣ ва бо фарҳанги Русия иртиботе доштан ҳатмӣ аст. Вале муҳимтар аз ҳар чизи дигар – ин маълумоти хуб ва таҷрибаи корӣ доштан аст.

Намояндагони хадамоти муҳоҷирати Русия мегӯянд, тақрибан ҳамаи онҳое, ки ҳуҷҷат месупоранд маълумоти олӣ ва ё ҳадди ақал маълумоти махсус доранд. Инҳо асосан табибон, омӯзгорон, варзишгарон, мутахассисони техникӣ ва соҳибкорони хусусӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG