Ссылки доступа

Ду шореҳи машҳури ӯзбек аз эфир барканор шуд


Барномаҳои "Соккер клуб" ва "Баррасии футбол", инчунин Зафару Диёр Имомхоҷаевҳо дар Ӯзбекистон аз эфири телевизион барканор шуданд.

Ба роҳбарияти шабакаи телевизионии "Варзиш" далелҳое, ки дар барномаи "Соккер клуб" дар бораи фасодкории бозиҳои футбол садо дод, писанд нашудааст.

Ба ҷуз аз хабарнигорони машҳури варзишӣ Зафар ва Диёр Имомхоҷаевҳо кормандони дигари шабака низ аз кор озод шуданд.

- Имомхоҷаевҳо дар "ҳамдастӣ бо Қодировҳо" (футболбоз Мирҷалол Қосимов дар назар аст) муттаҳам шудаанд. Дар воқеъ онҳо бо ҳам дӯст буданд. Ин дӯстиро ҳамчун талоши баргардонидани Қосимов ба дастаи мунтахаби Ӯзбекистон баҳо доданд. Воқеан, пушти ин қазия метавонад Бобоён, сармураббии дастаи мунтахаби Ӯзбекистон истода бошад. Бобоён аз президенти федератсияи футболи Ӯзбекистон хоҳиш кардааст, ки рӯзноманигоронро аз кор озод кунад, - мегӯяд як манбаъ аз телевизиони "Варзиш".

Барномаи танқидии Диёр Имомхоҷаев "Соккер клуб" бори охир 1 декабри соли гузашта пахш шуда буд.

XS
SM
MD
LG