Ссылки доступа

Дар остонаи Гузари сайёраҳо ҷирми нави кайҳонӣ ошкор шуд


Нуҷумшиносон Майкл Браун ва Константин Батигин аз донишкадаи технологии Калифорния дар Пасаден сайёраи нуҳум дар силсиласитораҳои Хуршедиро ошкор карданд.

Ҳаҷми ин ситора қариб баробари ҳаҷми сайёраи Нептун аст. Дар ин бора маҷаллаи “Сайенс” бо истинод ба “Астрономикал джорнал” хабар дод.

Ин ҷирми кайҳониро то ҳол ҳамчун “Сайёра Икс” ном мебаранд. Ин сайёраро аз роҳи пажӯҳиши риёзии эътирозоте ошкор кардаанд, ки онҳоро ҷисмҳои яхини Қамари Койпер – фазои бузурги дар паси масири фазоии Плутон воқеъ буда эҳсос мекунанд. Дар ин фазои кайҳонӣ миллиардҳо ҷирм қарор дорад.

Ҳисобҳо нишон доданд, ки ин сайёра дар атрофи Хуршед дар масофаи 20 масири фазоии Нептун давр мезанад. Вазни ин ҷисм 10 маротиба бештар аз вазни Замин аст. Ба сабаби чунин дурӣ аз Хуршед ин сайёраро дида намешавад ва дар тӯли 10-20 ҳазор сол дар атрофи Хуршед даври пуррае анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи январи соли 2015 сокинони шаҳри Москва ба гунаи сокинони дигари нимкураи Шимолӣ шоҳиди ҳодисаҳои ҷолиби нуҷумӣ мешаванд. Аз ҷумла, зикр мешавад, ки Замин дар масофаи наздиктарин аз назди Хуршед давр мекунад ва Зӯҳра дар фазои кайҳонӣ бо Зуҳал наздик мешавад, тавассути дурбинҳои кайҳонӣ имкон дорад ҷирми кайҳонии Каталинро мушоҳида карду бо чашми бе дурбин метавон селаи ҷирмҳои кайҳонии Квадратинтидҳоро назорат кард.

31 январ бошад Уторид, Миррих, Муштарӣ, Зӯҳра ва Зуҳал якҷо бо Моҳтоби ба онҳо пайваста гузари ҳамаи ситораҳои дурахшони низоми Хуршедиро анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG