Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон милитсия дар бораи “ришбурӣ” ҳисобот дод


Маъмурони милитсияи Тоҷикистон дар бораи мубориза бо рустаниҳои изофӣ дар рӯйи мардҳо ҳисобот доданд.

Танҳо дар вилояти Хатлон дар як соли ахир риши қариб 13 ҳазор шаҳрвандон “ба тартиб дароварда шуд”.

Ба гуфтаи раҳбари милитсияи вилоят Баҳром Шарифзода, 12818 сокини вилоят, ки “ришҳои дарозу бетартиб доштанд” маҷбурӣ ришашон тарошида шуд.

Корҳои дохила ҳамчунин аз корҳо барои пешгирӣ аз пӯшиши либоси мазҳабӣ гузориш дод. Ба иттилои онҳо, дар соли 2015 қариби ду ҳазор зан аз пӯшидани ҳиҷоб “даст кашида”, фаъолияти 162 мағозае, ки машғули фурӯши чунин либос буданд, қатъ шудааст.

Муборизаи мақомот бар зидди гузоштани риш ва пӯшиши ҳиҷоб баҳори соли гузашта шурӯъ шуд. Ин маърака баъд аз он расонаӣ шуд, ки фаъоли дифоъ аз ҳуқуқи инсон Рустам Гулов дар Хуҷанд қурбонии ин сиёсат шуд. Ӯро дар дохили бинои бахши милитсияи шаҳрӣ маҷбурӣ ришашро тарошиданд.

Он замон ин ҳуқуқдон гуфта буд, ки дар дохили бинои милитсия тӯдаи мӯйеро дидааст ва хулоса кардааст, ки то вай дар ин ҷо тахминан 200-250 нафар маҷбурӣ риштарошӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистони ҷамъияташ 8 миллион нафарӣ 90% аҳолӣ мусалмон ҳастанд. Тибқи қоидаҳои ислом ҳар мард бояд риш дошта бошаду пӯшиши ҳиҷоб барои ҳар зан ҳатмӣ аст.

XS
SM
MD
LG