Ссылки доступа

Ҳамкории Анқара ва Бишкек густариш меёбад


Дар Анқара ҳамоиши тиҷоратии Қирғизистон ва Туркия ба кор оғоз кард. Ҳадафи асосии он рушди ҳамкориҳои дуҷониба баъд аз пайвастани Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё унвон мешавад.

Дар кори ин ҳамоиш беш аз 100 тоҷир ва намояндаҳои ҳукумати Қирғизистон ширкат мекунанд. Аз ҷониби Туркия ба ин ҳамоиш қариб 150 тоҷир даъват шудаанд.

Дар ҷараёни ҳамоиши дурӯза муаррифии зарфиятҳои Қирғизистон барои сармоягузорӣ сурат гирифта, дурнамои ҳамкории миёни Қирғизистон ва Туркия баррасӣ мешавад.

Бюлент Тюфекчӣ, вазири гумрук ва тиҷорати Туркия зимни суханронии худ дар ин ҳамоиш гуфт, ки кишвараш ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Қирғизистон алоқаманд аст.

Ба гуфтаи вай, дар шароити бӯҳрони фаромиллӣ ҳаҷми табодули маҳсулот дар миёни ду кишвар коҳиш ёфтааст. Аммо бо вуҷуди мушкилот ҳамкориро бояд беҳтар кард. “Агар ҷониби Қирғизистон барои сармоягузорон шароити муносиб фароҳам оварад, мо омода ҳастем дар ин кор кумак кунем”, - гуфт Тюфекчӣ.

Вазири иқтисоди Қирғизистон Арзибек Кожошев дар навбати худ гуфт, ки кишвараш барои сармоягузорон биҳишт аст. Ба гуфтаи вай, дар кишвараш ҳаҷми андозҳо пасттарин буда, нерӯи арзони корӣ вуҷуд дорад. “Ҳамаро ба Қирғизистон даъват мекунам. Барои ба мо сармоягузорӣ кардан, шуморо зарур аст танҳо барои ҳавопаймо чипта бихаред. Тамоми шароити боқимондаро ҳукумати Қирғизистон анҷом медиҳад”, - зикр кард вазир.

Бозаргонҳои туркӣ мегӯянд, ки ба сармоягузории арсаи кишоварзӣ, фанновариҳои рӯёнаӣ ва сохтмон алоқаманд ҳастанд. Онҳо омодагии худро барои ширкат дар иҷрои тарҳи сохтмони бунгоҳ дар фурудгоҳи “Манас” ва боғи фанновариҳо изҳор доштанд. Аммо онҳо аз камбуди иттилоъ дар бораи арсаҳое, ки ба сармоягузорӣ ниёз доранд, изҳори норизоиятӣ карданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин ҳамоиш се қарордоди ҳамкорӣ имзо шуд. Ин ҳуҷҷатҳоро вазорати иқтисод ва палатаҳои тиҷоративу саноатии Қирғизистон ва Туркия омода кардаанд.

XS
SM
MD
LG