Ссылки доступа

Ҳаҷми сармоягузориҳо ба Русия 92% камтар шудааст


Дар соли 2015 ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим ба Русия 92% кам шуд. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми ҷаҳон ин нишондод дар муқоиса бо соле пеш 36% бештар шудааст, омадааст дар гузориши Ҳамоиши СММ дар арсаи тиҷорат ва рушд (UNCTAD).

Дар маҷмӯъ, ҳаҷми сармоягузории мустақими ҷаҳонӣ $1,7 трлн шудааст. Ин баландтарин нишондод баъд аз бӯҳрони соли 2008 аст.

Ба иқтисоди Амрико $384 млрд сармоягузориҳои мустақим анҷом дода шудааст.

Сипас дар ин рӯйхат Гонконг ($163 млрд) ва Чин ($136 млрд) қарор гирифтаанд. Баъд Ҳолланд, Бритониё, Сингапур, Ҳинд, Бразилия, Канада ва Фаронса ҷой гирифтаанд.

Пойинравии башиддати ин нишондод дар Русияро коршиносони UNCTAD ба уфти нархҳои маҳсулот рабт медиҳанд. Аммо ҳамзамон онҳо дар ин гузориш зикр мекунанд, ки сармоягузорони хориҷӣ ҳамчунон ба арсаи нафту гази Русия сармоягузорӣ мекунанд.

Тобистони соли гузашта президенти Русия Владимир Путин хабар дод, ки дар соли 2014 ба иқтисоди кишвараш қариб $21 млрд сармоягузории мустақими хориҷӣ ворид шудааст.

XS
SM
MD
LG