Ссылки доступа

Дорандаи медали бозиҳои олимпиро дар авбошӣ айбдор мекунанд


Ба иттилои маркази матуботии милитсияи шаҳри Бишкек, шаби гузашта маъмурони милитсия мошини навъи “Лексус 330” таҳти идораи Руслан Тюменбаев, соҳиби медали биринҷии бозиҳои Олимпии соли 2008-ро боздошт кардаанд.

Дар рафти бозрасӣ мушаххас шудааст, ки ронанда бе ҳуҷҷатҳои ронандагӣ мошинро идора мекунад. Нисбати вай ҳуҷҷати маъмурӣ тартиб дода шуда, мошин ба тавқифгоҳи ҷаримавии милитсияи шаҳри Бишкек интиқол мешавад.

Ба гуфтаи милитсия, баъд аз муддате Тюменбаев ба маҳалли бозрасии нозирон баргашта, бо туфангчаи навъаш номаълум ба маъмурони милитсия таҳдид мекунад. Сипас вай боздошт мешавад. Дар ҷойи ҳодиса туфангчаи осебрасони “Стример” бо шумораи покшуда ёфт шудааст.

Варзишгар ба Маркази ҷумҳуриявии майзадаҳо барои ташхис интиқол дода шуд ва дақиқ шудааст, ки Тюменбаев дар ҳолати мастӣ қарор дорад.

Аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи “Харидорӣ, интиқол ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи газӣ” ва “Истифода аз зӯр дар нисбати намояндаи мақомот” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тюменбаев ба боздоштгоҳи милитсияи шаҳри Бишкек интиқол шуда ва таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

XS
SM
MD
LG