Ссылки доступа

Хастагии мақомоти Андиҷон аз тамбашавии роҳҳо


Сар аз 21 январ дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон ҳаракати нақлиёти ҷамъиятии "Дамас", ки дар маркази шаҳр ба мусофиркашонӣ машғул буданд, манъ гардид.

Кормандони идораи бехатарӣ дар роҳҳо ба навбатдорӣ баромада, нақлиёти ҷамъиятии "Дамас"-ро иҷоза намедиҳанд, ки ба самти маркази шаҳр ҳаракат намояд.

Дар натиҷа, ронандагони нақлиёти ҷамъитӣ маҷбур шудаанд аз роҳҳои дохили маҳаллаҳо ва тангкӯчаҳо убур карда, мусофиронро ба манзилу макон расонанд.

- Ҳокимият ба ҷои "Дамас"-ҳо автобусҳоро ба роҳ баровардааст. Аммо автобусҳо бо таъхир ҳаракат мекунанд ва ҳамеша пур аз мусофир ҳастанд. "Дамас"-ҳо хеле мувофиқ буданд ва мусофиронро сари вақт мерасониданд. Дар натиҷаи тартиботи нав, ронандагони "Дамас"-ҳо арзиши кирояро боло бурданд. Аз ин рӯ ҳоло бисёре аз сокинони шаҳр пойи пиёда аз як нукта ба нуктаи дигар мераванд.

Ба гуфтаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, манъи ҳаракати "Дамас"-ҳо дар маркази шаҳр бо фармони бевоситаи ҳокими шаҳри Андиҷон ба роҳ монда шудааст. Ронандагон мегӯянд, мошини ҳоким чанд маротиба дар тамба дармондааст.

Амалан дар ҳамаи вилоятҳои Ӯзбекистон нақлиёти ҷамъиятии "Дамас" воситаи бебадали ҳаракати миллионҳо нафар аст. Сарфи назар аз ин ки дохили ин навъи нақлиёт хеле танг ва нишасту бархосташ номувофиқ аст, аммо арзонии нархи ин навъи нақлиёт ба ҷайби аксари сокинон мувофиқат мекунад.

XS
SM
MD
LG