Ссылки доступа

Дар Ӯш ҳолати фурӯши кӯдаки навзод ошкор шуд


Дар вилояти Ӯш як шаҳрванди 27 солаи Қирғизистон ба фурӯши кӯдаки навзоди худ ба шаҳрванди Русия ба ивази 15 ҳазор сӯм (қариб 200 доллар) гумонбар дониста мешавад.

Дар ин бора аз маркази матбуотии ВКД кишвар хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, 19 декабри соли 2015 зани ҷавон духтарчае таваллуд карда, 22 декабр вайро ба шаҳрванди 36 солаи Русия додааст, ки дар Қирғизистон ба таври доимӣ зиндагӣ мекунад. Ин зани рус ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ карда, барои духтарчаи навзод шаҳодатномаи таваллудро мегирад.

Аз рӯйи ин ҳодиса тибқи моддаи «Хариду фурӯши инсон» ва «Сохтакории ҳуҷҷатҳо» парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи он идома дорад.

XS
SM
MD
LG