Ссылки доступа

Лижаронии қирғизӣ: камонзанӣ рӯи лижа


Дар Қирғизистон шакли қадимии камонандозӣ дар рӯи лижа эҳё мешавад.

Тибқи қоидаҳои нав, варзишгарон дар либоси миллӣ бояд дар ҳолати ҳаракат тирро ба нишон расонанд: суръат ва дақиқияти зарба баҳо дода мешавад.

Дар Қирғизистон имрӯз 30 варзишгари тирандоз мавҷуд аст. Пештар онҳо савори асп ба нишонҳо тир меандохтанд, аммо акнун шеваҳои нави ҳаракатро меомӯзанд. Омӯзишҳо ба осонӣ даст намедиҳанд, бисёре аз варзишгарон бори аввал лижаронӣ мекунанд. Аммо таърихнигор Элерӣ Битикчӣ бар ин назар аст, ки рӯи ях ҳаракат кардан дар гузаштаи таърихии қирғизҳо мавҷуд будааст.

XS
SM
MD
LG