Ссылки доступа

Аз 1 феврал дар Қирғизистон алоқаи муштариёни сабтнашударо қатъ мекунанд


Дар Қирғизистон аз 1 феврали соли 2016 алоқа барои муштариёни сабтнашудаи ширкатҳои алоқаи мобилӣ қатъ мешавад.

Дар ин бора дар хадамоти матбуотии Агентии давлатии алоқаи Қирғизистон хабар доданд.

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки то 31 январ барои сабти номи SIM-кортҳо фурсат боқӣ мондааст.

Тибқи қарори ҳукумат, ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти алоқаи мобилӣ вазифадор шудаанд хадамоти худро танҳо ба он муштариёне фароҳам кунанд, ки бо онҳо қарордод имзо шудааст. Муштариёни сабтнашуда аз истифодаи алоқаи мобилӣ маҳрум мешаванд.

Пештар Кумитаи миллии омори Қирғизистон хабар дода буд, ки дар кишвар 7,5 миллион муштарии фаъоли алоқаи мобилӣ вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки аҳолии кишвар 6 миллион нафар аст.

XS
SM
MD
LG