Ссылки доступа

Қазоқистон дар миёни кишварҳои "фасодзада" ҷой гирифт


Дар феҳрасти вазъи фасод (CPI) дар соли 2015, ки имрӯз аз сӯйи созмони байналмилалии назоратии Transparency International (TI) муаррифӣ шуд, Қазоқистон ба рӯйхати кишварҳое шомил шудааст, ки дар он сатҳи фасод баланду сатҳи шаффофият андак аст.

Дар ин арзёбии TI, ки 168 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, Қазоқистон дар муқоиса бо соли гузашта се зина баландтар баромада, ҷойи 123-ро соҳиб шуд. Дар миёни даҳ кишвари дорои нишондодҳои бадтарин CPI Ироқ (161) қарор дорад. Ин арзёбии CPI бар асоси назари мардуми ин кишварҳо дар мавриди бардошти онҳо аз вазъи фасод таҳия шудааст.

Таҳиякунандагони ин арзёбӣ мегӯянд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аз ҳама фасодзада ва ношаффоф мебошанд. Ба гуфтаи ҳамоҳангсози минтақавии TI дар кишварҳои ИДМ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ Светлана Савитская, “ҳар яке аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҷойҳои охирини ин рӯйхат қарор гирифтаанд”.

Ба гуфтаи вай, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фасод наҳваи фарогир ва доимиро гирифтааст. Савитская афзуд, ки аз соли 2012 дар ҳеҷ яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди коҳиши сатҳи фасод беҳбудии чашмрасе сурат нагирифтааст. Вай афзуд, ки минтақа ҳоло дар вазъи “рукуд” қарор гирифтааст.

Русия дар арзёбии CPI дар ҷойи 119, Украина – 130, Молдова дар ҷойгоҳи 103, Араманистон – 95 ва Озарбойҷон дар ҷойи 119 қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG