Ссылки доступа

НАТО бо таблиғоти Русия мубориза мебарад


НАТО тавассути ташкили бахши наву қавии иртиботот бо "ҷанги иттилоотии" Кремл аз тариқи ифшо сохтани иттилооти махфӣ мубориза мебарад.

Чунин таблиғоти Русия соли 2014 ҳангоми тасарруфи Қрим мушоҳида шуда буд.

Ҳам НАТО ва ҳам Иттиҳоди Аврупо аз имконоти Русия барои истифодаи телевизион ва интернет барои пахши ба гуфтаи онҳо иттилои бардурӯғ нигаронанд. Ба ин хотир ИА соли гузашта ниҳоди махсусеро ташкил кард, ки аз таблиғоти ошкорои Москва пешгирӣ кунад.

Тибқи ин пешниҳодҳо НАТО метавонад аксу наворҳоеро ифшо сохта, иддаои фаъолиятҳои хатарнокро тасдиқ кунаду дар ин замина аз расонаҳои иҷтимоӣ низ истифода кунад. Баъд аз он ки Русия вориди Қрим шуд, НАТО аксҳои ҷобаҷо кардани нерӯҳои русӣ дар наздикии марз бо Ураинаро дастраси ҳамагон карда буд. Аммо ин аксҳо аз радифҳои сунъии тиҷоратӣ аксбардори шудаанду онҳо танҳо баъд аз як моҳи тасарруфи нимҷазира ба намоиш гузошта шуда буданд.

Ҳарчанд ин тасмим аз сӯйи Бритониё ва кишварҳои дигар хуб қабул шуд, аммо Иёлоти Муттаҳида нигарон аст, ки ҳар як барномаи нав метавонад ба унвони таблиғот дониста шавад.

Русия расонаҳои давлатиро ба маблағи зиёд сармоягузорӣ карда, садҳо хабарнигорон дар хориҷи кишварро ба он моил сохтааст, ки мардумро аз таблиғоти ғарбӣ нагаҳбон бошанд. Ҳамчунин аз расонаҳое истифода мешавад, ки дар солҳои ҷанги сард фаъолият доштанд. Русия ҳамчунин дар интернет хеле фаъол аст ва аз сомонаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Twitter фаровон истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG