Ссылки доступа

Ҳамаи мусофирони чархбол ҷон бохтанд


Ҳамаи сарнишинони чархболи дар вилояти Алмаато суқуткарда ҷон бохтанд, хабар медиҳанд хабаргузориҳо бо истинод ба намояндаи кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ВКД Қазоқистон Руслан Иманқулов.

Ҷузъҳои чархболи нопадидшуда дар вилояти Алмаато соати 8.20 дақиқаи субҳи имрӯз дар хамгашти деҳаи Қапали ноҳияи Аксус ошкор карда шуданд. Тибқи иттилои аввалия, дар миёни кушташудагон халабони чархбол, ду духтур ва як зан бо кӯдакаш ҳастанд. Дар ҷойи ҳодиса муовини вазири корҳои дохилии Қазоқистон Владимир Божко ҳузур дорад ва таҳқиқоти ин ҳодиса шурӯъ шудааст.

Чархболи мусофирбари UP-MD 600-N-и ширкати "Аспан" дирӯз аз шаҳри Ушарали ноҳияи Алақол ба самти шаҳри Талдиқурғон парвоз карда, соати 16.55 дақиқаи вақти маҳаллӣ аз таҷҳизоти назоратӣ нопадид шуд. Ин чархбол бояд кӯдаки беморро ба бемористони вилоятӣ меовард.

XS
SM
MD
LG