Ссылки доступа

Боздошти як мард дар Порис бо нусхаи Қуръон


Дар “Диснейленд”-и Порис як мард бо ду туфангча, миқдоре тир ва як нусха Қуръон боздошт шудааст.

Ба иттилои пулис, вай ба меҳмонхонаи назди боғи тафреҳии “Диснейленд” ташриф овардааст. Боздоштшуда дар Порис истиқомат мекунад. Маълумоти дигар дар бораи вай то кунун пахш нашудааст.

Пулис мегӯяд, ҳанӯз наметавонанд бигӯянд, ки ин мард мехост таркиш роҳандозӣ кунад. Боздоштшуда гуфтааст, барои ҳифзи амнияташ бо худ аслиҳа мегардонад. “Диснейленд”-и Порис, ки дар 30-километрии пойтахти Фаронса ҷойгир аст, яке аз машҳуртарин боғҳои истироҳатии Аврупост. Дар соли 2014 ба ин боғ наздики 10 миллион одам ташриф оварда буд.

Дар Фаронса баъди ҳамлаҳои ноябрии Порис, ки 130 нафарро қурбон кард, тадбирҳои амниятӣ шиддат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG