Ба ин тартиб, теъдоди ҳавопаймоҳои низомии Русия дар Сурия ба бештар аз 70 ҳавопаймо ва чархбол расид, бо такя ба Ситоди кулли Русия хабар медиҳад нашрияи “Коммерсант”.
Вазорати мудофиаи Русия гуфт, дар ҳафтаи охир ҳавопаймоҳои низомии Русия дар Сурия бештар аз 1300 иншооти тундгароёнро дар вилоятҳои Ҳалаб, Латақиё, Ҳама, Хумс, Димишқ, Раққа ва Даръо нобуд кардаанд. Вазорат ҳамчунин афзуд, нерӯҳои ҳавоии Русия дар шаҳри Дайр-эз-Заур “ба нерӯҳои ҳукуматии Сурия кумак кардааст”.
Ҳафтаи гузашта намояндаи нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Ҷозеф Данфорд гуфт, амалиёти Русия дар Сурия ба режими президенти кишвар Башор Асад кумак мерасонад. Дар ҳамин ҳол, созмонҳои ҳомияи ҳуқуқи байналмилалӣ ва маҳаллӣ Русияро бо он айбдор мекунанд, ки зими амалиёти низомӣ ба ҷиноятҳои низомӣ даст мезанад. Аз ҷумла, масҷидҳо, бозорҳо ва беморхонаҳову мактабҳоро хароб мекунад ва бомбаи хӯшаӣ истифода мебарад.
Бино бар баҳогузории мухолифони Сурия, дар маҷмуъ, бештар аз 1000 сокини осоишта қурбони ҳамлаҳои ҳавоии Русия шудааст. Вазири мудофиаи Бритониё Майкл Фаллон низ амалиёти Русияро дар Сурия танқид кард. Ба гуфтаи вай, парвози ҳавопаймоҳои Русия дар шаҳрҳо ва деҳоте, ки мухолифони Сурия дар назорат доранд, “ҷангро тӯлонӣ мекунад” ва “ба режими Асад” нерӯ мебахшад.