Ссылки доступа

Дар Қирғизистон барномаи ҳимояи қарздорон роҳандозӣ шуд


Дар Қирғизистон шуруъ аз дирӯз раванди табдили қарзҳои иппотекии долларӣ ба соми қирғизӣ оғоз гардид.

Аз ин барномаи давлатӣ 2,8 ҳазор қарздор метавонад истифода барад.

Ҳукумат қарори махсусе дар бораи кумакҳои давлатӣ ба шахсони воқеиро имзо кард. Тибқи ин қарор, онҳое ки барои харидани манзил аз бонкҳои тиҷоратӣ бо доллар қарз гирифта ва бино бар ноустувории пули миллӣ дар вазъи ногувор уфтодаанд, аз давлат кумак дарёфт мекунанд.

Тибқи ин ҳуҷҷат, шахсони воқеие, ки аз бонкҳо бо доллар қарз гирифтаанд, метавонанд қарзи худро бо қурби расмии Бонки миллӣ дар таърихи 1 июли соли 2015 (1 доллар баробар ба 62, 1422 сом (6,2 сомонӣ)) ба бонкҳо баргардонанд.

Шаҳрвандоне, ки бо доллар қарз гирифтаанд, 20 рӯз фурсат доранд, ки ба бонкҳо муроҷиат карда, қарзи худро ба сом табдил диҳанд.

Ин барномаи ҳукумат ба бозори арз таъсир гузошт. Нимаи дувуми рӯзи душанбе дар Қирғизистон қурби доллар ба 75,38 сом расид. Пойинравии қурби доллари ИМА дар он кишвар идома дорад.

XS
SM
MD
LG