Ссылки доступа

Дар соҳилҳои Туркманистон ҷасади боз як нафткаши озарӣ ошкор шуд


Дар соҳили баҳри Каспий ё Хазар дар Туркманистон ҷасаде пайдо шуд, ки эҳтимолан яке аз 19 коргари нопадидшудаи маркази нафткашии Озарбойҷон аст.

Дар аввалҳои моҳи январ низ дар ин ҷо ҷасади як нафткаши озар кашф ва ба ҷониби Озарбойҷон супурда шуд.

Ба иттилои маркази матбуотии ширкати давлатии нафтии (ГНКАР/SOCAR) Озарбойҷон, 1 феврал гурӯҳи таҳқиқотӣ ва кормандони Иттиҳодияи истеҳсолии “Ознафт” барои шиносоии ҷасад ва интиқоли вай ба Озарбойҷон, озими Туркманистон шуданд.

Садама дар платформаи “Гюнешлӣ-10”-и истихроҷи нафт аз умқи баҳр дар 4 декабри соли гузашта боиси сӯхтори ин коргоҳ ва кушта шудани нафткашҳо гардид. Ҳангоми садама дар маркази нафткашӣ 63 коргар ҳузур дошт. 33 нафткаш ба ҷойи бехатар кӯч дода шуд. Пештар ҷасади 11 кушташуда пайдо ва шиносоӣ шуда, 19 нафар дигар бенишонанд ва ҷустуҷӯйи онҳо идома дорад.

XS
SM
MD
LG