Ссылки доступа

ВКД Қирғизистон акси "каллаи хар"-ро шарҳ дод


Нафари паҳкунандаи акси духтар, ки дар ошхона бо сари хар дар даст истодааст, берун аз марзи Қирғизистон қарор дорад.

Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ВКД кишвар хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, 1 феврали соли 2016 корбари шабакаи “Компромат.кг” дар “Фейсбук” акси зани чеҳраи осиёидоштаеро пахш кард, ки сари буридаи харро дар даст дошт. Ин акс боиси шарҳҳои тунд шуда, дар хабарҳои бархе аз расонаҳои интернетӣ намоиш ёфт. Гумонҳое пайдо шуданд, ки эҳтимол дорад, дар бархе аз ошхонаҳо аз гӯшти хар истифода мешавад.

Маъмурони милитсия муайян карданд, ки 29 январи соли 2016 ин аксро дар шабаки иҷтимоии “ВКонтакте” корбар Арман С., шаҳрванди Қазоқистон гузоштааст. Аммо маҳалли аксбардории ин сурат муайян нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2015 дар Қирғизистон ҷанҷоле дар робита ба эҳтимоли истифодаи гӯшти хар дар муассисаҳои хӯроки умумӣ сар зада, ҳамзамон чанд фермаҳои парвариши харҳо ошкор шуд.

XS
SM
MD
LG