Ссылки доступа

Обама дар масҷид суханронӣ кард


Президенти ИМА бори нахуст ба масҷиде бо ҳадафи дақиқ ташриф овард. Ин дидор ба манзури пешгирии нигарониҳои мусалмонони Амрико сурат гирифтааст, ки мегӯянд, мардум аз афзоиши ифротгароӣ ва терроризм бештар ҳарос пайдо кардаанд.

Дар ҷараёни дидор бо Ҷамъияти исломии Балтимор Барак Обама бо раҳбарони ин ҷомеа сӯҳбат, аз озодиҳои динӣ ҳимоят ва ба саҳми мусалмонони амрикоӣ таъкид кард.

Кохи сафед дидор дар Балтиморро бо дарназардошти вокунишҳои номзадҳо ба мақоми президентӣ саривақтӣ номид. Дар ин баёния зикр мешавад Обама махсус ба зарурати амал зидди тоқатфарсоӣ ва радди беаҳамиятӣ таъкид кард.

Ҷамъияти исломии Балтимор худро яке аз ҷамъиятҳои бузургтарини мусалмонони кишвар медонад. Бештаре аз аъзои ин ҷамъият турктаборон ҳастанд, аммо намояндагони миллатҳои дигар низ ба ин ҷамъият аъзо шудаанд.

XS
SM
MD
LG