Ссылки доступа

Арзёбии фаъолияти идораи назорати беҳдоштии ҷонварони Қирғизистон


Ҳайати Дафтари байналмилалии эпизоотӣ (ДБЭ) арзёбии фаъолияти идораи назорати беҳдоштии ҷонваронро дар Қирғизистон анҷом медиҳад.

Дар ин бора мудири Назорати амниятии давлатии ҷонварон ва растаниҳо Калисбек Жумаканов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, то 12 феврал коршиносон аз ҳамаи вилоятҳои кишвар дидан карда, бо коршиносони минтақавии беҳдоштии ҷонварон мулоқот мекунанд.

«Мо коршиносони ДБЭ-ро махсус даъват кардем. Мо мехоҳем бидонем, ки то куҷо фаъолияти назорати амнияти беҳдоштии ҷонварон ва растаниҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст ва дар куҷо камбудиҳо дорем. Ҳамчунин мо бояд бидонем, ки чӣ ислоҳотеро бояд анҷом диҳем. Коршиносон тамоми арсаҳои марбут ба амнияти беҳдоштии ҷонварон ва растаниҳоро таҳқиқ мекунанд. Дар анҷоми кор онҳо ҳисобот навишта, ҳар як бахши фаъолияти моро арзёбӣ карда, машваратҳои худро ба мо бояд ирсол кунанд”, - гуфт Жумаканов.

Баъд аз пайвастшавии Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО), талабот ба амнияти беҳдошти ҷонварон ва растаниҳо боло бурда шуданд. То ҳол назорати беҳдоштии ҷонварон ва растаниҳо аз сӯйи кишварҳои узви ИИАО ба сабаби вазъи ногувори беҳдоштии ҷонварон ва растаниҳо дар кишвар бекор нашудааст.

Дафтари байналмилалии эпизоотӣ (ДБЭ) – созмони байниҳукуматии масъули саломатии ҷонварон дар тамоми ҷаҳон аст. 180 кишвар аъзои ин ДБЭ мебошанд. Қирғизистон аз соли 1992 узви ин созмон мебошад.

XS
SM
MD
LG