Ссылки доступа

Қарзи хориҷии Қирғизистон ба $3,6 миллиард расид


Дар соли 2015 қарзи хориҷии Қирғизистон 169 миллион доллар ё 4,9% зиёд шуда, ҳамакнун ба 3 миллиарду 606 миллион доллар расидааст.

Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ дар Бишкек муовини вазири молияи он кишвар Мирланбек Байгончоков хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, вазорати молияи ин кишвар барои бозбинии қарзҳо чораандешӣ мекунад, ба вижа бо Олмон ва Русия гуфтугӯ дорад.

Қарзи дохилии Қирғизистон 204 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ин масъули вазорати молия гуфтааст, 98% қарзҳо бо қурби имтиёзнок дарёфт шудаанд, аммо ноустувории қурби доллар барои баргардонидани қарзи хориҷӣ мушкилиҳоеро пеш меорад.

XS
SM
MD
LG