Ссылки доступа

Барқи хонаи ҳоким барои бебарқии мардум қатъ карда шуд


Раҳбари вилояти Актюбински Қазоқистон Бердибек Сапарбаев зертобеи худро ба шакли ғайриоддӣ танбеҳ дод.

Бердибек Сапарбаев, ки аз моҳи сентябри соли гузашта раҳбари вилояти Актюбинск мебошад, фармон дод, ки интиқоли нерӯи барқ ба манзили ҳокими ноҳияи Мугалжар то замони кашидани хати интиқоли нерӯи барқ ба деҳаи Кайандӣ, ки дар он қариб 800 нафар зиндагӣ мекунанд, қатъ карда шавад.

“Ин деҳа 20 сол бе барқ аст, аммо дар манзили шумо барқ ҳаст. Фармон медиҳам интиқоли нерӯи барқ ба манзили ҳокими ноҳия ва муовинонаш қатъ карда шавад. Вақте дар Кайиндӣ барқ пайдо шуд, ба хонаи онҳо низ барқро дубора иҷоза диҳед”, - дастур дод Спарбаев дар муроҷиат ба барқчиён.

Ҳамзамон раҳбари минтақа аз вазъи роҳҳои ноҳияро низ танқид кард, хабар медиҳад Nur.kz.

“Шумо 11 сол раҳбарии ноҳияро ба ӯҳда доред ва дар ин муддат танҳо 11 кӯчаро мумфарш кардаед. Шояд ба шумо боз 30 соли дигар зарур бошад, то сӣ кӯчаи боқимондаро мумфарш кунед”, - бо тамасхур зикр кард Сапарбаев.

XS
SM
MD
LG