Ссылки доступа

Дар заминларзаи Тайван даҳҳо нафар бенишон шудаанд


Ҷустуҷӯи наздики 100 гумшудаи заминларзаи Тайван идома дорад.

Наҷотдиҳандагон талош доранд, харобаҳои бинои 17-ошёнаро барканор ва одамонро пайдо кунанд. Ин бино дар пайи заминларзаи 6 феврал дар ҷануби Тайван дар шаҳри Тайнан фурӯ рехт. Шаҳрдори Тайнан мегӯяд, бисёре аз ин афрод дар чуқурии харобаҳо қарор доранд. Дар ҳоли ҳозир бештар аз 200 кас наҷот дода шуда, ҷасади 32 қурбонии заминларза пайдо гардидааст.

Нерӯи заминларза 6,4 балл арзёӣ шуда, наздики 500 сокини ин шаҳр аз заминларза зиён диданд. Ба иттилои вазорати мудофиаи Тайван, дар бинои тахрибшуда нисбат ба рӯзҳои маъмулӣ дар лаҳзаи заминларза одами бештаре ҷамъ омада буданд. Зеро хонаводаҳои зиёде дар он Соли нави чиниро ид мекарданд. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати сохтмончиёни бино оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG