Ссылки доступа

55 ҳазор доллар барои шикори як бузи пармашох


Нархи шикори бузи пармашох ё морхӯр, ки дар қисматҳои ҷанубии Тоҷикистон саршумори он рӯ ба афзоиш аст, аз 40 ҳазор доллари қаблӣ ба 55 ҳазор доллар расидааст.

Бузи пармашох аз гаронтарин сайдҳо дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба гуфтаи мақомоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, шикорчиён барои сайди он бояд акнун 55 ҳазор доллари амрикоӣ диҳанд.

Соли гузашта квотаи шикори пармашох дар Хатлон се саршумор буд ва барои шикори ҳар кадоми он 40 ҳазор доллар пардохт мешуд. Аммо имсол саҳмияи он ба панҷ расидааст, ки назар ба соли гузашта 2 сар зиёд мебошад.

Ҳабибулло Қодиров, муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон мегӯяд, тибқи нақша, соли равон иҷозаи шикори 5 бузи пармашохро пайдо карданд. Аз афзоиши саршумори он дарангалзорҳои Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод сабаб шудааст, ки акнун ба шикори на 3, балки 5 сар бузи пармашох иҷозат дода шавад. Шумораи бузҳои пармашох дар ин минтақа дар соли 1992 тақрибан ба 300 сар мерасид ва ҳоло ба гуфтаи мақомот, ба беш аз 1400 расидааст.

XS
SM
MD
LG