Ссылки доступа

Донишҷӯёни тоҷик дубора барои таҳсил ба Эрон мераванд


Эрон барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳояш 250 стипендия ё бурсия ҷудо кардааст.

Интихоби 250 донишҷӯи тоҷик, ки қарор аст, дар Эрон таҳсил кунанд, бар души Маркази барномаҳои байналмилалии вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон вогузор шудааст.

Сардори ин марказ Исматулло Шодиев ба Бахши хабарии Осиёи Марказӣ гуфт, Тоҷикистон аз ҷониби Эрон таълими мутахассисонеро мехоҳад, ки барои иқтисоди кишвар зарур буда, дар худи Тоҷикистон имкони таҳияи онҳо вуҷуд надорад.

"Мо бештар ихтисосҳои марбут ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро интихоб мекунем. Чунки донишгоҳҳои Эрон дар бахшҳои техникӣ, муҳандисӣ ва тиб хеле пешрафта ҳастанд ва мутахассисони сатҳи байналмилалиро омода мекунанд", − гуфт Шодиев.

Тобистони соли 2010 бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабу мадрасаҳои динӣ дар хориҷ таҳсил доштанд, бозпас оварда шуданд. Аз ҷумла 168 донишҷӯи тоҷик аз Эрон қабл аз поёни давраи таҳсил ба ватан баргардонида шуданд.

XS
SM
MD
LG