Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон Skype ва Viber ҳамоно хомӯшанд


Сарфи назар аз ваъдаи ягона интернетрасони Ӯзбекистон -- ширкати "Узбектелеком", Skype ва дигар паёмакрасонҳо дар ин кишвар ҳанӯз дастнорасанд.

Ҳанӯз 29 июли соли 2015 гуфтугӯ тавассути Skype, Viber, Telegram дар Ӯзбекистон номумкин шуд. Он замон сомонаи "Узбектелеком" навишта буд, "бино бар корҳои профилактикӣ, эҳтимол дорад сифати интернет коста гардад". Айни ҳол танҳо гуфтугӯи хаттӣ тавассути ин хадамотҳо имконпазир аст.

Эълони бад будани сифати интернет чанд бори дигар нашр шуд. Ва бори ҳафтум дар ибтидои моҳи январ "Узбектелеком" хабар дод, ки мушкилӣ то 5 феврал идома мекунад. Дар ҳоли ҳозир ҳеч гуна эълони нав дар робита ба дастнорасии паёмакрасонҳо дар сомонаи ширкат нашр нашудааст.

Бисёре аз корбарони интернет дар Ӯзбекистон тавассути VPN- серверҳо ба Skype ворид мешаванд. Ин хадамот дастрасӣ ба сомонаҳои бастаро тавассути кишварҳои дигар фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG