Ссылки доступа

Ҷон Керрӣ: Русия дастрасӣ ба сулҳи Сурияро душвор мекунад


Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ гуфт, амалиёти Русия дар Сурия дастрасӣ ба хатми ҷанги панҷсоларо бо роҳи гуфтушунид душвор мегардонад.

Нерӯҳои ҳукуматии Сурия бо кумаки нерӯҳои ҳавоии Русия чанде аз мавзеҳои ҷунбиши мухолифинро ғасб карданд, ки ин амал боис шуд, то дар кори музокироти сулҳи Сурия дар Женева ҳафтаи гузашта танаффус эълон гардад.

"Амалиёти Русия дар шаҳри Ҳалаб ва минтақаҳои наздики он имкони сари мизи музокирот нишастан ва гуфтугӯ карданро хеле душвор мегардонанд", - гуфт Ҷон Керрӣ рӯзи 9 феврал.

Интизор меравад, Ҷон Керрӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров имрӯз дар Мюнхен мулоқот кунад. Лавров гуфт, Москва барои ноил шудан ба сулҳ дар Сурия пешниҳоди наве ба Вашингтон ироа кардааст. Вай ин пешниҳодро махсус ва оддӣ номид, аммо ҷузъиёташро ошкор накард.

XS
SM
MD
LG