Ссылки доступа

Дар Москва ба Михаил Касянов ҳамла кардаанд


Дар Москва ҳамла ба раҳбари Ҳизби озодии мардумии ПАРНАС Михал Касянов сурат гирифта ва ӯ тақрибан осеб надидааст.

Ба иттилои маркази матбуотии ҳизб, ҳамла шоми рӯзи сешанбе соати 21.30 дар яке аз тарабхонаҳои маркази шаҳр рух додааст. Ду нафар ба назди Касянов омада, ба рӯяш кулчақанд партоб карда, ин амали худро бо доду фарёду таҳдид анҷом додаанд. Сипас ин ду мард ҳамроҳи 15 шарикашон савори чаҳор мошин шуда, аз ҷойи ҳодиса нопадид шуданд.

Касянов ба бахши пулиси минтақаи "Китай-город" аризаи даъвогӣ навишта, хостори ҷалби ҳамлагарон ба ҷавобгарӣ барои таҳдид ба зиндагиву амнияташ шуд.

Яке аз аввалинҳо шуда, дар бораи ин ҳамла раҳбари ҷиноҳи ҷавонони ПАРНАС Михаил Конев хабар дод. Вай ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ки талоши ҳамла аз сӯйи гурӯҳи чечентаборон сурат гирифт, аммо “муҳофизон аз ин ҳамла пешгирӣ карданд”. “Ҳамлагарон дастикам 20 нафар буданд”, - навиштааст Конев дар Твиттер. Вай ба ин назар аст, ки ҳодисаи рухдода иғвои сиёсӣ мебошад.

Як фаъоли ПАРНАС Наталя Пелевина низ дар Твиттер зикр кардааст, ки ҳамлагарон ба забони чеченӣ сӯҳбат мекараданд.

Ахиран Михаил Касянов ва ҳамоҳангсози “Русияи воҳид” Владимир Кара-Мурзаи хурдӣ ба Идораи федеролии амнияти Русия ариза навишта, хостори боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар нисбати раҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров шуданд. Қодиров дар Инстаграм навори видеоиеро нашр кард, ки дар он ин ду мухолифи сиёсӣ дар таҷҳизоти нишонраси тирзанӣ қарор дода шудаанд. Мухолифон ин навори видеоиро “дастури мустақим барои қатл” арзёбӣ карданд.

Дертар Инстаграм ин навиштаҷотро пок кард. Аммо, Қодиров, ки ин гуна намояндаҳои мухолифонро “душмани халқ” медонад, рӯзи сешанбе дар шабакаи иҷтимоӣ акси худро бо милтиқи дорои таҷҳизоти нишонрас нашр кард. Зери ин акс навишта шудааст, ки “ҳар кӣ маро нафаҳмид, акнун мефаҳмад”. Чунин навиштаҷот зери навори видеоии ҳпокшуда низ вуҷуд дошт.

XS
SM
MD
LG