Ссылки доступа

Туркманистон ҳанӯз ҳам дар паси "девори оҳанин" аст


Дар соли 2015 муассисаҳои консулии Туркманистон барои ворид шудан ба ин кишвар ҳамагӣ 913 виза додаанд.

Дар ин шумора ҳам виза барои зиёрати қабри хешу ақрабо, ҳам зиёрати волидайн ва ҳам визаҳои сайёҳӣ шомил мешаванд. Ба ҷуз аз ин, ба Туркманистон бо даъватҳои махсус - дипломатҳо, ҳайатҳои расмӣ, намояндагони тиҷорат ворид шудаанд. Ин теъдоди одамон низ бештар аз 1000 нафар набудааст.

Манбаъҳои огаҳ мегӯянд, теъдоди онҳое, ки ба дархости виза ҷавоби рад гирифтаанд, хеле зиёд аст. Ба Туркманистон на танҳо ворид шудан мушкил, балки аз он берун шудан низ осон нест. Ба иттилои Иттифоқи вакилони мустақили Туркманистон, бештар аз 13 ҳазор шаҳрванд аз сафар кардан ба хориҷ манъ шудаанд. Ҳамчунин дар ин кишвар онҳое, ки хизмати ҳарбӣ накардаанд ва афроде, ки бо баҳонаҳои зиёд наметавонанд шиноснома бигиранд, аз ҳаққи сафар ба хориҷ маҳруманд.

Афсари гумрук метавонад бо баҳонаи ин ки бачаҳо мумкин аст ба "Давлати исломӣ" пайванданд ва духтарон мумкин аст дар хориҷ ба танфурӯшӣ машғул шаванд, ҳар мусофири ҷавонро аз марз баргардонад.

XS
SM
MD
LG