Ссылки доступа

Дар Москва дӯконҳои назди метро валангор мешаванд (видео)


Мақомоти Москва мегӯянд, эҳтимол дорад, рӯйхати муассисаҳое, ки ба бовари онҳо бояд вайрон карда шаванд, афзояд.

Дар Москва дар пайи вайрон кардани дӯконҳои назди истгоҳҳои метро қариб 2000 нафар бе ҷойи кор мондаанд. Дар ин бора раҳбари раёсати савдо ва хадамоти шаҳрдории пойтахт Алексей Немерюк хабар дод. Вай афзуд, мақомот метавонанд рӯйхати муассисаҳоеро, ки ба эътиқодашон бояд вайрон карда шаванд, афзоиш диҳанд. Як вакили думои шаҳрӣ тахмин мекунад, ки дар пайи ин тахрибҳо то 15 ҳазор нафар бекор хоҳад монд.

Шаби сешанбе дар Москва беш аз 100 фурӯшгоҳ ва дӯкони назди истгоҳҳои метро маҳв карда шуданд. Мақомоти шаҳр мегӯянд, ҳамаи онҳо «ғайриқонунӣ» сохта шуда, ба амнияти сокинон таҳдид мекунанд. Шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфт, ки фурӯшгоҳҳои вайроншуда «асосан дар солҳои 1990 зимни бесалоҳиятии мақомот сохта шудаанд». Ба гуфтаи вай, «ҷойҳое, ки ин фурӯшгоҳҳо воқеъ буданд», «обод» карда мешаванд.

(Шакли аслии навори видеоӣ барои муштариён бе логотип ин ҷо маҳфуз аст:

https://rfeftp.rferl.org/?ShareToken=83F7726AEE4C07A04E552BF211705405C1493B2A)

XS
SM
MD
LG