Ссылки доступа

Боз як фаъоли ҷамъиятии қазоқ “тавба” кард


Дар интернет “тавбаномаи” фаъоли ҷамъиятии дигар аз Қазоқистон Ермек Наримбоев, ки моҳи гузашта зиндонӣ шуд, нашр гардидааст.

Вакили вай Жанар Балгабоева хостааст “тавбаномаро” дастраси умум гардонад.

Ба гуфтаи Балгабоева, матни ин “тавбанома” ҳанӯз ба парвандаи Наримбоев ворид нагардидааст. Вай умедвор аст, ки имрӯз ин нома дар парвандаи нафари зери ҳимояаш шомил шавад. Вакил ҳамчунин умед дорад, ки додгоҳ ҳукми ҳабси Ермек Наримбоевро тағйир хоҳад дод.

-Зерҳимояи ман айнан мисли Серикҷон Мамбеталин рафтор кард. Мамбеталин тавассути Интернет изҳори пушаймонӣ кард ва рӯзи дигар аз боздошт раҳо шуд, - гуфт Жанар Балгабоева.

Ёдрас мешавем, ки фаъоли ҷамъиятии қазоқ Ермек Наримбоев аз сӯи додгоҳи Алмаато барои “барангехтани адоват” се сол зиндонӣ шудааст. Ҳамроҳ бо вай дар ин парванда Серикҷон Мамбеталин низ муҳокима шуда буд. Мамбеталин ба ду соли зиндон маҳкум гардид, вале баъди изҳори пушаймониаш аз толори додгоҳ озод шуд.

Серикҷон Мамбеталин ва Ермек Наримбоев бар асоси моддаи 174 Кодекси ҷиноятии Қазоқистон "Барангехтани адовати иҷтимоӣ, миллӣ, умумӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ" гунаҳкор дониста шуданд. Маҳкумшудагон ин айбҳоро рад карданд, ҷонибдорони фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, ин парванда ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG