Ссылки доступа

Артиши Қирғизистон мақомашро ҳифз кард


Артиши Қирғизистон дар раддабандии ҳарбии созмони Global Firepower мақоми 78-умашро ҳифз кардааст.

Дар ин бора сомонаи созмон хабар медиҳад.

Ин созмон тавони ҳарбии 126 кишвари ҷаҳонро ҳамасола баҳогузорӣ мекунад.

Тибқи иттилои Global Firepower, аҳолии Қирғизистон 6 миллионро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор 3 миллиону 377 ҳазор барои хизмат дар артиш муносиб ҳастанд. Хабар дода мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон 16,5 ҳазор дар артиш хизмат мекунанд ва 10 ҳазори дигар дар рухсатии эҳтиётӣ ҳастанд. Буҷаи ҳарбии ин кишвар 240 миллион долларро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ин кишвар 28 фурудгоҳи ҳарбии коршоям мавҷуд аст.

Қисми ҳарбиву техникии нерӯҳои низомии ин кишвар 150 танк, 478 БТР ва БПМ, дастгоҳҳои гулӯлаандози худрав - 30 адад, муҳимоти гулӯлаандоз - 159 адад, чархбол - 6 адад, ки 4-тояш борбар ва 2-тояш зарбазан аст, дорад.

Дар ин раддабандӣ ИМА, Русия, Чин, Ҳиндустон, Бритониё, Фаронса, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон, Ҷопон ва Туркия ҷойҳои нахустинро гирифтаанд.

Миёни кишварҳои ИДМ Украина мақоми 25-умро гирифтааст ва дар идома Белорус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Туркманистон паси ҳам ҷой гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG