Ссылки доступа

Тарси занони Қирғизистон аз "ватандӯстон"


Дар Қирғизистон пайдоиши наворҳои хушунат зидди духтароне, ки бо хориҷиён робита доранд ва ё вақтгузаронӣ мекунанд, идома дорад.

Дар ин наворҳо дида мешавад, ки мардон занонро урён мекунанд, мезананд ва бозпурсӣ мекунанд. Ҳатто кор то ба таҷовуз низ мерасад. Яке аз ин духтарон баъди хушунат як ҳафта ҳам зиндагӣ накард - вай худкушӣ кард.

Ҷавононе, ки чунин наворҳоро сабт мекунанд, худро "ватандӯст" меноманд. Ҳеч кадоми онҳо барои ин рафторашон ба ҷавобгарӣ ҷалб нашудаанд. Мақомоти давлатӣ ин ҳодисаҳоро пайгирӣ намекунанд ва "ватандӯстон" беҷазо мондаанд.

Ҳодисаи ягонае, ки пулис ба ин кор дахолат кард, дар Москва тирамоҳи соли гузашта рух дод: шаҳрванди 28-солаи Қирғизистон боздошт шуд ва зидди вай парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Тавре рӯшан шуд, ин худсарии "ватандӯстон"-ро сокинони Қирғизистон мусбат қабул мекунанд. Сокинон мегӯянд, агар чунин наворҳо набошанд - мардум "аз ҳад мегузаронанд". Коршиносон мегӯянд, Қирғизистон ҳанӯз ҳам кишвари мардсолор аст ва дар ин ҷо зан ба шахсият мубаддал нашудааст.

XS
SM
MD
LG