Ссылки доступа

Қазоқистон маъракаи интихоботии интернетиро ҳам назорат мекунад


Додситонии кулли Қазоқистон ҳушдор дод, ки дар ҷараёни муборизаҳои пеш аз интихоботӣ дар интернет низ қонуни матбуот бояд риоят шавад.

Дар баёнияи додситонии кулл таъкид мешавад, ки қонунгузории Қазоқистон сомонаҳои интернетиро бо расонаҳои маъмулӣ баробар мешуморад ва қоидаҳои таблиғоти интихоботӣ бояд дар онҳо низ риоят шавад.

Ин маърака пагоҳ оғоз шуда, то нимашаби 18 март идома меёбад. То панҷ рӯзи пеш аз овоздиҳӣ ва дар худи рӯзи интихобот нашри назарсанҷиҳо, пешгӯиҳои натиҷаҳо ва пажӯҳишҳои дигари марбут ба интихобот манъ шудааст.

“Ахиран дар ҷараёни корзори интихоботӣ шахсони алоҳида аз баргузории овоздиҳии мухталифи интернетӣ ва нашри натиҷаҳои он дар махзанҳои мухталифи интернетӣ истифода мекунанд”, - омадааст дар баёнияи додситонии кул.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки натиҷаи назарсанҷиҳо, ки дар шабакаи интернетӣ нашр мешаванд, бояд иттилои баргузоркунандаи ин назарсанҷӣ, фармоишгар, замон ва наҳваи ҷамъоварии назарҳоро дошта бошад. Ҳамчунин ин назарсанҷиҳо бояд шакли саволгузории дурустро риоя кунанду иттилоъ дар бораи теъдоди пурсидашудагон ва эҳтимолияти иштибоҳ зикр гардад.

XS
SM
MD
LG