Ссылки доступа

Ширкатҳои машҳур аз пахтаи Туркманистон даст мекашанд


Ширкати шведии H&M, бузургтарин силсилафурӯшгоҳи либосҳо дар Аврупо, аз харидани пахтаи Туркманистон даст кашид.

Ширкат гуфтааст, дар ин кишвар дар ҷамъоварии ҳосили пахта кӯдакон ҷалб мешаванд.

Ширкат дар ин маврид баёнияи расмӣ паҳн кардааст. Дар он гуфта шудааст, ширкатҳои дастраскунандае, ки бо H&M ҳамкорӣ доранд, вазифадоранд, аз харидани пахтаи Туркманистон даст кашанд.

Харидани пахтаи Сурия низ манъ шудааст. Аз харидани пахтаи Ӯзбекистон ширкат ҳанӯз дар соли 2012 даст кашида буд. То он замон ширкатҳои Adidas, Puma ва LeviStrauss аз харидани пахтаи Ӯзбекистон худдорӣ карда буданд. Баъдан IKEA, Walmart, Marks&Spencer ва Tesco ҳам харидани пахтаи ин кишварро қатъ карданд.

Эҳтимол дар ояндаи наздик шумори ширкатҳое, ки аз харидани пахтаи Туркманистон худдорӣ мекунанд, афзоиш ёбад. Созмонҳои ғайридавлатӣ аз ширкати дигари шведӣ - IKEA даъват доранд, ки аз харидани пахтаи Туркманистон худдорӣ кунад.

"Ширкати пахта" (CottonCampaign) яке аз ин гуна созмонҳои иҷтимоист. Ин созмон мегӯяд, Ашхобод ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии пахта даҳҳо ҳазор шаҳрвандро иҷборан ба саҳрои пахта мебарорад.

XS
SM
MD
LG