Ссылки доступа

Аз Назарбоев хостанд ба парвандаи Матаев “таваҷҷӯҳ кунад”


Аз раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хоҳиш карда шуд ба қазияи атрофи раиси Иттиҳоди хабарнигорони Қазоқистон ва раҳбари Маркази матбуотии миллӣ Сейтқазӣ Матаев “таваҷҷӯҳ кунад”.

Вай дирӯз бо гумони дуздии маблағ ва сарпечӣ аз пардохти андоз боздошт шуд.

Муаллифони муроҷиатнома, ки бо имзои раҳбари ПЕН-клуб Бигелдӣ Габдуллин ва раҳбари созмони ҳимояи матбуоти “Адил соз” Тамара Калеева дар сомонаи рӯзномаи Central Asian Monitor имрӯз нашр шуд, ба ниҳодҳои қудратӣ изҳори нобоварӣ кардаанд. “Дар солҳои ахир онҳо барои ҳар гуна шубҳаву нобоварӣ далелҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд ва ба ин сабаб боварии мардум ба адолат, қонун ва худи давлатдорӣ коста шудааст”, - омадааст дар муроҷиатнома. Дар ин санад ҳамчунин аз Назарбоев дархост шудааст, ки ба қазия “таваҷҷӯҳи амиқ зоҳир кунад”.

Сейтқазӣ Матаев аз соли 1991 то соли 1993 котиби матбуотии раиси ҷумҳури Қазоқистон буд. Дирӯз созмони “Адил соз” муроҷиатномаеро унвонии додситонии кулл пахш кард, ки дар он дархост мешавад шаффофияти комили парвандаро таъмин кунад.

Сейтқазӣ Матаев дирӯз аз тарафи дафтари Миллии мубориза бо фасод дар шаҳри Алмаато боздошт шуд. Нахуст ӯро бо писараш, ки раҳбари хабаргузории КазТАГ мебошад, барои бозпурсӣ маҷбурӣ мебаранд. Баъд аз чанд соат Асет Матаев озод шуд. Сейтқазӣ Матаев баъд аз бозпурсӣ ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд. Созмони байналмилалии “Кумитаи ҳимояи хабарнигорон” (CPJ) аз боздошти Сейтқазӣ Матаев изҳори нигаронӣ кард.

XS
SM
MD
LG