Ссылки доступа

Обама ниҳоят зиндони Гуантанаморо мебандад


Президенти ИМА Барак Обама аз аъзои Конгресс хост, ки нақшаи вай дар мавриди бастани зиндони Гуантанамро “мунсифона” баҳо диҳанд.

Зимни суханронӣ дар Кохи сафед президент гуфт, намехоҳад ба ҷойгузини худ, ки дар моҳи январи соли 2017 ба ин курсӣ менишинад, ин масъаларо ҳалнокарда боқӣ гузорад. Тибқи нақшаи пешниҳодкардаи Пентагон, тахминан 35 маҳбус ба кишвари худ истирдод шуда, камтар аз 60 зиндонии боқимонда ба маҳбасҳои дигар дар қаламрави ИМА интиқол меёбанд. Ин ниҳод арзёбӣ кардааст, ки харҷи давлат дар ин нақша метавонад то 475 миллион доллар бирасад.

Обама ҳанӯз замони номзадиаш ба мақоми президентӣ дар соли 2008 ваъда дода буд, ки зиндони Гуантанамо мебандад. Аммо қонунгузорон ҳамеша мухолифи кӯч додани маҳбусон ба зиндонҳои амрикоӣ буданд. ар ин зиндон айбдорон ва маҳкумшудагон дар иртибот бо терроризм нигаҳдорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG