Ссылки доступа

Қирғизҳо ба 58 кишвар бе виза сафар мекунанд


Шаҳрвандони Қирғизистон дар соли 2016 метавонанд бе виза ба 58 кишвар сафар кунанд.

Ин омор дар сомонаи ширкати Henley&Partners оварда шудааст, ки беш аз 200 кишвари ҷаҳонро аз рӯйи кишварҳои сафари бевиза раддабандӣ мекунад.

Қирғизистон дар ин раддабандӣ дар ҷойи 79-ум аст. Мавқеи кишвар дар ин раддабандӣ аз рӯйи миқдори кишварҳое муайян карда мешавад, ки ба он ҷо шаҳрвандони кишвар метавонанд бе виза сафар кунанд.

Дар сомонаи ВКХ Қирғизистон зикр шудааст, ки феълан дар Қирғизистон барои сафари шаҳрвандони 45 кишвар виза зарур нест. Чунин тасмимро мақомоти қирғиз ба манзури ҷолиб кардани бозори сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорон гирифтааст.

Ин раддабандии ширкати Henley&Partners беш аз 10 сол аст, ки якҷо бо Анҷумани байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ таҳия карда мешавад. Охирӣ дорои бузургтарин маҳзани иттилои сайёҳист. Раддабандии маҳдудиятҳои виза ҳамасола нашр мешавад.

Дар соли ҷорӣ Олмон дар садри ин раддабандӣ қарор гирифтааст, зеро шаҳрвандони он метавонанд ба 177 кишвар бе виза сафар кунанд. Сипас дар ин рӯйхат Шветсия, Финляндия, Фаронса ва Испания ҷой гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG