Ссылки доступа

"Месси"-и афғон аз Лионел Месси тӯҳфа гирифт


Писарбачаи 5-сола аз Афғонистон - Муртазо Аҳмадӣ аз ситораи тими футболи Барселона ва тими миллии Аргентина Лионел Месси либоси варзишӣ дарёфт кард.

Ситораи футболи ҷаҳонӣ Лионел Месси ба Муртазо тӯб ва либоси варзишӣ фиристод. Ин тӯҳфаҳоро намояндагии ЮНИСЕФ дар Кобул ба Муртазо расонидааст. Муртазо гуфтааст, "Ман Мессиро дӯст медорам ва тӯҳфаҳои фиристодаи вай шаҳодат медиҳанд, ки Месси низ маро дӯст медорад".

Муртазо Аҳмадӣ баъди нашри аксҳояш дар интернет бо либоси селофании Лионел Месси машҳур шуд. Хонаводаи ин тифл дар як деҳаи дурдасти Афғонистон ба сар мебарад. Аксҳои Муртазоро амакаш, ки дар Австралия истиқомат дорад, дар интернет нашр кард.

Дар соли гузашта Лионел Месси ва тими "Барселона" пирӯзӣ дар чемпионати Испания, Лигаи қаҳрамонон, Ҷоизаи олии Испания ва УЕФА-ро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG